Афзоиши шумори талафоти инфиҷори маъдан дар Қазоқистон ба 36 нафар
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i108566-Афзоиши_шумори_талафоти_инфиҷори_маъдан_дар_Қазоқистон_ба_36_нафар
Шумори ҷонбохтагони ҳодисаи инфиҷори маъдан дар Қазоқистон ба 36 нафар афзоиш ёфт.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 29, 2023 17:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори талафоти инфиҷори маъдан дар Қазоқистон ба 36 нафар

Шумори ҷонбохтагони ҳодисаи инфиҷори маъдан дар Қазоқистон ба 36 нафар афзоиш ёфт.

Омори талафоти инфиҷор дар маъдани Костенко ( вилояти Қарағандаи Қазоқистон) пеш аз ин 21 нафар эълом шуда буд.

Ҳангоми вуқуъи ҳодиса 252 маъданчӣ дар ин маъдан буданд.

 Вазорати шароити изтирории Қазоқистон дар баёния эълом кард, токунӯн ҷасади 36 нафар пайдо шудааст ва талошҳо барои ёфтани 10 маъданчии дигар идома дорад.

Инфиҷори гази метан омили ин инфиҷор буд.