Ибрози нигаронии раисиҷумҳури Қазоқистон аз буҳрони об дар Осиёи Марказӣ
Раисиҷумҳурии Қазоқистон аз буҳрони об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар 19-умин Маҷмаи ҳамкориҳои байниминтақаии Қазоқистону Русия дар Қазоқистон гуфт, коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2050 , хушксолӣ ва сел дар Осиё Марказӣ метавонад ба коҳиши шадиди маҳсӯлоти кишоварзӣ мунҷар шавад ва «вазъияти буҳронӣ» дар бахшҳои калидии иқтисод, бавижа кишоварзиро ташдид кунад.
Вай, ки басурати маҷозӣ дар ин нишаст ширкат карда буд, афзуд, барои коҳиши хатароти камбуди об, ниёз ба муаррифӣ ва бакоргирии густардаи фанновариҳои сарфаҷӯӣ дар масрафи об вуҷӯд дорад ва ин як иқдоми комилан зарурӣ ва фаврист.
Тоқаев таъкид кард, ин кишвару Русия шурако ва муттаҳидони роҳбурдӣ ва бузургтарин тавлидкунандагони маҳсӯлоти кишоварзӣ ҳастанд ва дар байни 10 пешрави бартари ҷаҳон дар содироти ғаллот қарор доранд.