13 кушта дар оташсӯзии як хобгоҳ дар Қазоқистон
Ноябр 30, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
Оташсӯзӣ дар хобгоҳе дар Алмаатои Қазоқистон, 13 нафарро ба коми марг фиристод.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, дафтари матбуотии Идораи ёрии таъҷилии Алмаато дар баёнияе эълом кард, ду нафари дигар дар ин ҳодиса маҷруҳ ва ба бемористон мунтақил шуданд.
Дар ин баёния омадааст, оташ зерзаминии бинои маскунии сетабақа, ки табақаи аввал ва зерзамини он ба хобгоҳ табдил шуда будро фаро гирифта буд.
72 нафар дар хобгоҳ ҳузур доштанд, ки 59 нафар муваффақ шуданд, аз бино хориҷ шаванд.
Ба назар мерасад далели марги қурбониён, заҳролуд шудан бо гази монокседи карбон бошад.
Бар асоси ин баёния оташ дар соати 06:22 ба вақти маҳаллӣ хомӯш шуд.
Барчасп