Таъкиди Қирғизистон бар пешбурди фарояндҳои ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ
Дипломати аршади Қирғизистон бар таъаҳҳуди ин кишвар ба пешбурди фарояндҳои ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс Ойбек Молдагазиев муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар нишасти шурои вазирони умури хориҷаи созмони амният ва ҳамкории аврупо дар Мақдуния гуфт ин кишвар ҳамеша тарафдори ҳалуфасли муноқишот аз тариқи музокираи сулҳомез ва абзорҳои сиёсӣ ва диплумотик аст.
Молдагазиев аз кишварҳои ширкаткунанда хост роҳкорҳоеро барои ҳали муноқишоти мавҷуд дар созмони амният ва ҳамкории аврупо ва пешгири аз буруз даргири биёбанд.
Муовини вазири умури хориҷаи Қирғизистон хотирнишон кард тиҷорат, иқтисод, энержӣ, ҳамлунақл ва дигар таъомулоти байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пояи муҳками барои тазмини субот ва амнияти ин минтақа аст.
Дар баёнияи поёнии нишасти шурои вазирони умури хориҷаи созмони амният ва ҳамкории аврупо ки аз суии сарони ҳайатҳои Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мунташир шуд ба адами пазириши сиёсати инҳисор, султа, таҳмили улгуҳои фарҳангӣ ва арзишии бегона бо мардум ва дахолат дар умури дохилии давлатҳои мустақил ишора шуд.