Таъкиди раиси ҷумҳурии Туркманистон бар аҳамияти ҷойгоҳи майдони газии Галкиниш
Декабр 15, 2023 15:40 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳурии Туркманистон бар аҳамияти сиёсиву иқтисодии майдони газии Галкиниш барои Ишқобод таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сардор Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон рӯзи ҷумъа дар паёме ба муносибати Рӯзи коргарони ҳавзаи нафту газ, майдони газии Галкинишро барои ин кишвар муҳим хонду бар истифода аз дастовардҳои илмӣ ва риояти стандартҳои ҳифозат аз муҳити зист ҳангоми кор дар маёдини сӯхт низ таъкид кард.
Муҳаммадов майдони газии Галкинишро аз назари захоири энержӣ дар ҷаҳон муҳим хонду гуфт, ин захоир барои Туркманистон аз аҳамияти сиёсиву иқтисодии болое бархӯрдор аст.
Барчасп