Баргузории 7 манёври низомии муштараки тавассути СПАД
Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) эълом кард, ин созмон ҳафт манёври низомии муштаракро барои соли 2024 барномарезӣ карда, ки дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шомили шаш кишвари Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аст. Аҳдофи ин созмон тақвияти сулҳ, амнияту суботи байналмилалӣ ва минтақат, ҳифозат аз истиқлол, тамомияти арзӣ ҷв ҳокимияти кишварҳои узв аст, ки барои дастёбӣ ба ин аҳдоф, истифода аз абзорҳои сиёсӣ дар авлавият аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, нишастҳои муштараки Шӯрои умумии шонздаҳумин Маҷмаи порлумонии СПАД рӯзи гузашта (сешанбе) дар Маскав баргузор шуд. Ин нишаст ба раёсати Вячеслав Володин, раиси Маҷмаи порлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва раиси Думои давлатии Русия баргузор шуд.