Январ 03, 2017 11:02 Asia/Dushanbe
  • Ноамнӣ дар Афғонистон Осиёи Марказиро таҳдид намекунад

Мудири маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия муътақид аст, ки ташаннуҷи авзои амниятии Афғонистон дар соли 2017 таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб намешавад.

Ба гузориши сайти “СА нюз”, Андрей Казантсев иллати ташаннуҷи авзои амниятӣ дар марзи Афғонистону кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2016-ро афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар ин манотиқ ва ҷазби шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо ба сафи ДИИШ унвон кард.

Казантсев гуфт, ҳамзамон бо афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои Толибон ва ДИИШ дар марзи муштараки Афғонистону кишварҳои Осиёи Марказӣ, коҳиши ҳуқуқу дастмузди коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русия, муҷиби ҷазби бархе аз ин афрод ба сафи ДИИШ ва фиристодани онон ба Сурияву Ироқ шуд.

Вай афзуд, ҳамчунин суқути шадиди қимати нафт дар соли 2016 ва коҳиши даромади ду ҷумҳурии Қазоқистону Туркманистон заминаро барои таъсиргузории таблиғоти мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ беш аз пеш фароҳам кард.

Мудири маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия эҳтимоли ҳамлаи мустақими гурӯҳҳои террористии шимоли Афғонистон ба дохили қаламрави Тоҷикистону Туркманистонро дар соли ҷадид дур аз эҳтимол дониставу гуфтааст, ки ин гурӯҳҳо ҳамчунон ба дунболи тасаллути комил бар вилоятҳои шимолии Афғонистон хоҳанд буд.

Казантсев дар айни ҳол таъкид кардааст, ки таҳаррукоти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир дар манотиқи марзии муштараки Афғонистон бо ду кишвари Тоҷикистону Туркманистон идома хоҳад ёфт.

 

Барчасп