Бозгашти як миллион муҳоҷир ба Афғонистон дар соли 2023
(last modified Tue, 23 Jan 2024 05:45:09 GMT )
Январ 23, 2024 10:45 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти як миллион муҳоҷир ба Афғонистон дар соли 2023

Вазири муҳоҷирини ҳукумати Толибон эълом кард; Дар соли гузаштаи 2023 беш аз як миллион муҳоҷир аз дигар кишварҳо ба Афғонистон бозгаштаанд.

Халилурраҳмон Ҳаққонӣ-вазири умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон дар дидор бо Сюко Симодзава-раиси пуштибонӣ ва амнияти Комиссараияти олии Созмони Миллал дар умури паноҳндагон гуфт: Ҳукумати Толибон хостори идомаи кумакҳои башардӯстона ба муҳоҷирони бозгашткунанда аст ва бар ҳамоҳангӣ ва тафоҳум дар корҳо таъкид дорад.

Симодзава низ дар ин дидор тасреҳ кард: Мушкилоти муҳоҷирони афғонро бо вазоратҳои дохила ва хориҷаи Покистон дар миён гузошта ва пешниҳод карда то кортҳои муҳоҷирон тамдид шуда ва бо онон бадрафторӣ нашавад.

 Гуфтанӣ аст тайи камтар аз се моҳи гузашта, Покистон беш аз ним миллион паноҳҷу ва муҳоҷири афғонро ихроҷ ё маҷбӯр ба хурӯҷ аз ин кишвар кардааст.

 Аз сӯи дигар Муҳаммад Абдулкабир-муовини сиёсии ҳукумати Толибон рӯзи душанбе дар дидор бо Рафила Йодис-кордори намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул гуфт: Афғонистон ниёз ба мушорикати ин иттиҳодия дар бахшҳои мухталифи ин кишвар, аз ҷумла пизишкӣ, омӯзишӣ ва дигар зерсохтҳо дорад.