Таъкиди Эрон ва Узбекистон бар рушди мубодилоти тиҷорӣ
(last modified Tue, 05 Mar 2024 13:06:22 GMT )
Март 05, 2024 18:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Узбекистон бар рушди мубодилоти тиҷорӣ
    Таъкиди Эрон ва Узбекистон бар рушди мубодилоти тиҷорӣ

Сафири Эрон дар Узбекистон ва вазири ҳамлу нақли ин кишвар бар коҳиши мушкилоти транзити ва афзоиши мубодилоти тиҷории дуҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳамадалии Искандарӣ сафири Эрон дар Узбекистон дар дидор бо Илҳом Маҳкамов вазири ҳамлунақли ин кишвар бо шарҳи барномаҳо ва иқдомоти визроти роҳу шаҳрсозии Эрони ҷиҳати тасҳил дар интиқоли коло ва тронзит аз каридурҳои иқтисодӣ, бар омодагии Теҳрон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тошканд таъкид кард.

Вазири ҳамлунақли Узбекистон низ бо таъкид бар аҳамияти баҳрагири аз каридури ҳамлунақули аз тариқи Эрон барои дастраси ба бозорҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бар рафъи мавонеъи мавҷуд дар густариши ҳамкориҳои ду кишвар хусусан мушкилоти тронзити бо ҳадафи иртиқои тиҷоратии Узбекистон ва Эрон таъкид кард.