Май 18, 2024 17:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузарии аввалини нишасти дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона
    Баргузарии аввалини нишасти дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона

Аввалин нишасти дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд.

Ҳайати Тоҷикистон ба сарпарастии Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон дар ин нишаст ширкат доштанд. Пеш аз оғоз ин нишаст, Қосим Жормат Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон бо дабирони шуроҳои амниятии минтақа дидору гуфтугу кард.

Дабирони шуроҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди масоили марбут ба амнияти обу энержӣ, амнияти ғизоӣ, амнияти ҳамлу нақл ва тавсеаи зерсохтҳои ҳамлунақлу лоҷестики гуфтугу карданд.

Барчасп