Июн 08, 2024 17:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон
    Таъкиди Эрон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон

Сарпарасти Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати ташкили давлатии фарогир дар Афғонистон бидуни ҳузури кишварҳои хориҷӣ таъкид кард .

Нишаст гурӯҳи тамоси минтақаӣ барои Афғонистон бо ҳузури намояндагони вижаи Эрон , чин , Русия ва Покистон рӯзи шанбе дар Теҳрон оғоз шуд .

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ; « Алии Боқирӣ » сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар паём ба нишаст гурӮҳи тамоси минтақаӢ барои Афғонистон , решаи мушкилоти Афғонистонро дар ишғолгарӣ донист ва бар зарурати шаклгирии давлати фарогири Афғонистон таъкид кард .

Боқирӣ бо ишора ба иқдомоти анҷом шуда барои кумак ба ҳали мушкилоти Афғонистон ва нақши мусбати кишварҳои минтақа , гуфт : Шикаст хӯрдагону ишғолгарони дирӯз наметавонанд бори дигар таҳти ановини сиёсӣ дар Афғонистон нақш офаринӣ кунанд.

Сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бар тавваҷуҳ ба роҳҳои иртиботии Афғонистон низ таъкид кард ва ҳаргуна талоши хориҷӣ барои таъсигузорӣ бар Афғонистонро мӯҷиби афзоиши мушкилоти Афғонистон донист .

Боқирӣ бо таъкид бар ҳимояти Эрон аз ҳамаи ибтикороте, ки ба амнияту субот дар Афғонистон мунҷар шавад гуфт : Ҳамкориҳои минтақаӣ ва дар чорчӯби тарҳҳои Созмони Милал ба беҳбуди шароит барои ҳали мушкилоти Афғонистон кумак мекунад.

Афғонистон ба далели 20 соли ишғолгарии низомиёни амрикоӣ , бо буҳрони иқтисодӣ ва инсонӣ ва тахриби густардаи зерсохтҳо рӯ ба рӯ аст .

Барчасп