Июл 06, 2024 11:08 Asia/Dushanbe
  • Тааҳҳуди раисҷумҳури Чин ба дифоъ аз тамомияти сарзаминии Тоҷикистон

Ши Ҷин Пинг-раисҷумҳури Чин дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон-раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки Пекин аз тамомияти арзии Тоҷикистон қотеъона ҳимоят мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фронса, Ши Ҷинпинг рӯзи ҷумъа дар сафар ба Душанбе-пойтахти Тоҷикистон дар дидор бо Раҳмон изҳор кард: Чин ба тақвияти ҳамкории дӯстона ва равобити мутақобили судманд бо Тоҷикистон идома хоҳад дод ва аз талошҳои ин кишвар барои ҳифозат аз истиқлоли миллӣ ва ҳокимият ва тамомияти арзии худ қотеъона ҳимоят мекунад.

 Вай ҳамчунин бидуни ишора ба номи бозигар ё кишвари хоссе таъкид кард: Чин бо ҳар гуна мудохилаи хориҷӣ дар умури дохилии Тоҷикистон ба ҳар баҳона ба шиддат мухолиф аст.

 Раисҷумҳури Чин афзуд: Боварии сиёсии мутақобили 2 кишвар ба далели талошҳои тарафҳо ҳамвора амиқтар шудааст. Чин фориғ аз таҳаввулоти байналмилалӣ ҳамеша дӯсти қобили эътимод, бародари наздик ва шарики бовариноки Тоҷикистон хоҳад буд.

 Ши Ҷин Пинг ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз афзоиши сатҳи муносиботи дипломатии 2 тараф сухан гуфтанд. Илова бар ин раисҷумҳури Чин ба  Эмомалӣ Раҳмон нишони ” Дӯстӣ” супорид. Ин нишон ба шахсиятҳои дода мешавад, ки равобит бо Чинро тақвият кардаанд.

Ши Ҷин Пинг пештар дар солҳои 2014 ва 2019 ба Тоҷикистон сафар карда буд. Чин талош кардааст муносиботи дипломатии худро бо кишварҳои Осиёи марказӣ тақвият кунад.

 Ши Ҷин Пинг пеш аз сафар ба Тоҷикистон барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои узви созмони Шанхай ба Остона-пойтахти Қазоқистон сафар карда буд.

 Раисҷумҳури Чин дар суханони худ дар ин нишаст таъкид кард: Мо бояд даст ба дасти ҳам дода ва дар муқобили дахолати хориҷӣ муқовимат карда, аз якдигар қотеъона ҳимоят кунем, контроли комили оянда ва сарнавишти кишварҳои худ ва сулҳ ва тавсеаи минтақаро дар дастони худ бигирем.

 

Барчасп