Дидори раисони муштараки ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзҳои давлатӣ
(last modified 2024-07-06T14:24:37+00:00 )
Июл 06, 2024 19:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони муштараки ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзҳои давлатӣ

Мулоқоти раисони муштараки ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзҳои давлатӣ баргузор шуд.

Ба гузориши Ховар, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррасии масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар минтақаҳои боқимонда давом дода, ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идома додани кор дар ин самт супориш доданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

 

Барчасп