Июл 08, 2024 15:52 Asia/Dushanbe
  • Ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон ва Чин дар заминаи заминшиносӣ

Тоҷикистону Чин дар заминаи заминшиносӣ ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Дар чорчӯби даҳумин солгарди таъсиси Маркази илмӣ - пажӯҳишии Созмони Ҳамкории Шанхай дар заминаи улуми замин, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Идораи заминшиносии вобаста ба давлати Тоҷикистон ва Хадамоти заминшиносии зери назари Вазорати манобеи табиии Ҷумҳурии халқии Чин имзо шуд.

Ин ёддошти тафоҳум ба манзури густаришу тавсеаи ҳамкориҳои илмиву фаннии дуҷонибаи судманд дар заминаи улуми заминшиносии ду кишвар имзо шуд.