Имсол дар Тоҷикистон 12-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мешавад
(last modified Mon, 22 Jul 2024 13:38:41 GMT )
Июл 22, 2024 18:38 Asia/Dushanbe
  • Имсол дар Тоҷикистон 12-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мешавад

Моҳи октябри соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор хоҳад шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, Имсол барои пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани   намоиши мазкур,  дар муқоиса ба соли пеш маблағи зиёдтар ҷудо гардида, вазорат талош дорад, ки шумораи иштирокдорон, алалхусус аз давалтҳои хориҷиро зиёд намояд.

Ин матлабро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз баргузор гардид, баён дошт.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2023  дар намоиши байналмилалӣ намояндагон аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ фаъолона иштирок намуданд.