Июл 23, 2024 18:22 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шӯрои мудирият бар барномаи вижаи СММ дар Душанбе

Нишасти Шӯрои мудирият бар барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар таърихи 22 июл, нишасти Шӯрои мудирият бар барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA) ба раёсати Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд.

Дар нишаст, мавзӯи омодагӣ ба баргузории нишасти сатҳи болои SPECA дар Душанбе мавриди баҳс қарор гирифт.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар кори ҷаласа муовинони вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои аъзои SPECA, намояндагиҳои доимии давлатҳои иштирокчӣ дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Барчасп