Мизони тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон ба 61.7 миллиард сомонӣ расид
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i116532-Мизони_тавлиди_нохолиси_дохилии_Тоҷикистон_ба_61.7_миллиард_сомонӣ_расид
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавлиди нохолиси дохилӣ дар Тоҷикистон 61.7 миллиард сомонӣ ва рушди он 8.2 дарсадро ташкил дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 06, 2024 11:54 Asia/Dushanbe
  • Мизони тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон ба 61.7 миллиард сомонӣ расид

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавлиди нохолиси дохилӣ дар Тоҷикистон 61.7 миллиард сомонӣ ва рушди он 8.2 дарсадро ташкил дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар ин робита Ашурбой Солеҳзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз сешанбе дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон хабар дод.

Ба гуфтаи оқои Солеҳзода, мизони тавсеаи иқтисоди миллӣ дар ин давра умдатан ношӣ аз афзоиши тавлиди маҳсӯлоти саноатӣ 11.5 дарсад, кишоварзӣ 9.6 дарсад, сармоягузорӣ 15.7 дарсад, гардиши тиҷорӣ 11.9 дарсад, ҳамлу нақл 13 дарсад ва ҳамлу нақли мусофир 9 дарсад будааст.

Дар январ то июни имсол таваррум 1.9 дарсад буд, ки 0.4 дарсад камтар аз муддати мушобеҳи соли 2023 аст.