Баргузории шашумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
(last modified 2024-08-10T07:39:10+00:00 )
Август 10, 2024 12:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории шашумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

9 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон нашасти шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи ягонаи ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон доштанд, ки дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 миллиард доллари амрикоӣ расад.

Барчасп