Таъкиди вазири дохилаи Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳо дар дидор бо сафири Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i116646-Таъкиди_вазири_дохилаи_Тоҷикистон_бар_густариши_ҳамкориҳо_дар_дидор_бо_сафири_Эрон
Вазири дохилаи кишвари Тоҷикистон дар дидори сафир Эрон бо ишора ба таҳаввулоти минтақа ва чолишҳои муштараки ду кишвар бар густариши ҳамкориҳо ба вежа дар бахши мубориза бо терроризм бо Эрон таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2024 14:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири дохилаи Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳо дар дидор бо сафири Эрон

Вазири дохилаи кишвари Тоҷикистон дар дидори сафир Эрон бо ишора ба таҳаввулоти минтақа ва чолишҳои муштараки ду кишвар бар густариши ҳамкориҳо ба вежа дар бахши мубориза бо терроризм бо Эрон таъкид кард.

  Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон имрӯз панҷшанбе 15 август бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мулоқот кард.

  Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар ин дидор бо ишора ба раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар ва низ шароит ва таҳаввулоти минтақа ва чолишҳо ва таҳдидоти муштарак, густариши ҳамкориҳои байни Вазорати дохилаи Тоҷикистон ва вазорати кишвари Эрон ба вежа дар бахшҳои мубориза бо терроризм, ифротигарӣ, ҷароими созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсонро дорои аҳамият ва зарурӣ донист.

  Сафири Эрон бо ишора ба кайфияти хуби ҳоким бар муносибот ва равобити байни ду кишвари дӯст, бародар, ҳамфарҳанг ва ҳамзбон, аз омодагии комили Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо бо Вазорати умури дохилаи ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.