Тафсир : Нигарониҳо аз шуюъи обилаи маймун дар кишварҳои Осиёи Миёна
(last modified Wed, 21 Aug 2024 09:06:36 GMT )
Август 21, 2024 14:06 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Нигарониҳо аз шуюъи обилаи маймун дар кишварҳои Осиёи Миёна
    Тафсир : Нигарониҳо аз шуюъи обилаи маймун дар кишварҳои Осиёи Миёна

Ин рӯзҳо дар канори тарсу нигаронӣ аз вируси Кувид 19 , шоҳиди нигаронии густардаи ҷаҳонӣ аз шеваи вируси дигарӣ ба баноми « обилаи маймун » ҳастем , ки дар ду ҳафтаи гузашта низ ба таври расмӣ эълом шуд ворид бисёре аз манотиқ аз ҷумлаи кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Ховар Миёна шудааст .

Тақрибан 52 соли пеш дар манотиқи ҷангалӣ ва рӯстои Конго аввалин мавриди ибтило ба обилаи маймун дар инсон ки писарии 9 моҳа буд ба сабт расид . Ҳамон сол яъне 1970 дар Бенин , Камерун , Африқои марказӣ , Ҷумҳурии демократики Конго , Габон , Соҳили Оҷ , Либериё , Нигерия , Судани ҷанубӣ чандини мавриди гузориш шудааст .

Бояд донист ки бемории обилаи маймуни як бемории муштараки байни инсон ва ҳайвонаст ки аз тариқи як гӯнаи вирӯси артуи покс интишор меёбад , бо реша кан кардани обила дар соли 1980 ва мутаъоқибаи таваққуфи ваксиносиюни обила , обилаи маймун ба унвони муҳимтарин вирӯси Orthopox барои саломати умумӣ матраҳ шуд ки тазоҳуроти болинии он шабеҳи обилаи инсонӣ буд аммо шиддати он камтар буд .Интиқол аз ҳайвон ба инсон метавонад аз тариқи тамос бо хӯн , тарашшӯҳот ,ва мухоти ҳайвони олӯда рух диҳад .

Интиқол аз инсон ба инсон низ метавонад аз тариқи тамоси мустақӣм бо тарашшуҳоти танаффусӣ , зойеоти пӯстии фарди мубтало ё ашёъи олӯда ба он эҷод шавад .Обилаи маймунӣ як беморӣ бо аҳамият барои беҳдошти ҷаҳонӣ аст зеро на танҳо кишварҳои африқоӣ балки соири нуқоти ҷаҳонро низ ба тасхири худ дар овардааст дар соли  2003 дар Иёлоти муттаҳидаи Амрикои ин бемори мушоҳида шудааст ҳамчунин дар Нигерияи 2017 , дар Исроил 2018 , дар Британия ва Сингапур 2019 , ва дар солҳои баъди чандин кишвари дигаре даргири он шуданд.

Ин рӯзҳо шуюъи обилаҳи маймун ба суръат дар нуқоти мухталифи ҷаҳон дар ҳол шуюъаст . Давлатҳои Тоҷикистон , Қазоқистон ва Узбекистон дар ростои муқобила бо ҳамагирӣ бемории ( Mpox ) ношӣ аз вируси обилаи маймун , назорат бар мабодии вурӯдии худро ташдид карданд .

Созмони беҳдошт ва назорати  давлатии Тоҷикистон эълом кард ки барои ҷилавгирӣ аз шуюъи бемории обилаи маймун дар ин кишвар , кантроли беҳдоштии мабодии вурӯдӣ дар марзҳои ҳавоӣ ва заминии Тоҷикистонро ташдид мекунад ва аз касоне ки аз мабдаи кишварҳои мубтало ба ( Mpox ) ба Тоҷикистон сафар мекунанд , озмоиш гирифта мешавад .Ин ниҳоди пизишкии афзӯд : Вазорати беҳдошти Тоҷикистони роҳнамоиҳоӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ таҳия карда ва онро ба марокизи назоратӣ ва умуми мардум ироа медиҳад . Ин беморӣ дар Африқо шуюъ ёфта ва боиси марги чандин нафар шуда ва акнӯн дар Аврупо ва Осиё низ мушоҳида шудааст .

Созмони ҷаҳонии беҳдошти нисбат ба густариши ин беморӣ ҳушдор дода ва кишварҳои ҷаҳон , аз ҷумла Тоҷикистон , дар ҳоли иттихози тадобири пешгирона ҳастанд .Дар Қазоқистон ва Узбекистон низ иқдомоти мушобеҳӣ барои ҷилавгирӣ аз шуюъи обилаи маймун анҷом мешавад . Қазоқистон тавсия кардааст ки иқдомоти беҳдоштӣ ва зидди уфунӣ дар фурудгоҳҳо ва марзҳо ташдид шавад . Узбекистон низ қасд дорад тестҳои ташхиси бемориро тавзеъ карда ва коркунони беҳдоштиро барои ироаи кумакҳои аввалия омода кунад .Қобил даракаст ки Осиёи Марказӣ , ҳамонанди кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ ба лиҳози пизишкӣ аз шохисҳои болоӣ бархӯрдор нест ва чунончии ниёз ба ваксиносиюни густарда дар сӯрати тадовуми бемории обила маймун бошем аммо ҷиҳатгириҳои ҷадиди хоси ҳамкорӣ дар дохили минтақа ҳамчун даврони пас  аз карона такрор мешавад .

Бояд ба унвони мисол , дар ҳавзаи пизишкӣ , тавлиди воксану тавлиди таҷҳизоти пизишкӣ бояд тавсеа ёбад . Ва дар ҳоли ҳозир , тавлидкунандагони аслии ин таҷҳизот , иқтисодҳои ҷаҳонӣ пешрав ҳастанд .Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро як « вазъияти изтирории байналмилалӣ » эълом ва таъкид кард : Алоими аслии ин бемории шомили сардард , таби боло , ларзу товалҳоӣ рӯй пӯст ва дохили даҳон аст .

Дар ҳамин ҳол сарпарасти Вазорати беҳдошти Афғонистон , шуюъи бемории обилаи маймун дар Покистонро таҳдидӣ барои Афғонистон ва минтақа хонд ва эълом кард иқдомоти лозим барои ҷилавгирӣ аз шуюъи ин бемории иттихоз шудааст . Пас аз сабти як мавриди мусбати обилаи маймун дар Покистон , ин Вазоратхона аз истиқрори тимҳои беҳдошт ва дармони ин кишвар дар марзҳои муштарак бо Покистон барои ҷилавгирӣ аз интиқоли ин беморӣ хабар дод .

Ҳамакнӯн кишварҳои осёнаҳи тадобири амниятӣ барои кантроли марзҳояшонро барои кантроли бемории кишварҳои Осиёи Марказиро дар пай гирифтаанд . Чунончии ин беморӣ ба ҳадди густардае интиқол ёбад кишварҳои дар ҳоли тавсеа ( аз ҷумлаи кишварҳои Осёи Миёна ) ки ба сармоягузориҳои хориҷӣ вобаста ҳастанд . Бомушкилоти мухталифе рӯбарӯ мешаванд. Ончунон ки дар вазъияти  корона низ шоҳиди ин мушкилоти адида будем .

Барасоси омори Бонки Ҷаҳонӣ перомуни вазъияти иқтисоди калони Тоҷикистон , вуруди сармоягузориҳои хориҷии мустақим ба ин кишвар дар соли шуюъи бемории карона коҳиш ёфт . Чунин вазъияте амалан дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида шуд .Ҳамчунин коҳиши арзиши арзҳои маҳаллӣ , афзоиши қиматҳо , афзоиши таваррум , рукӯди тиҷорат ва афзоиши бекории тамоми иқтисодҳои Осиёи Марказиро таҳдид мекунад .