Касби 11 медал тавассути навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии бокс
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i116996-Касби_11_медал_тавассути_навҷавонони_Тоҷикистон_дар_мусобиқоти_ҷаҳонии_бокс
Варзишкорони тоҷикистонӣ дар Мусобиқоти бокси қаҳрамонии Осиё дар байни навҷавонон ва донишомӯзон, ки дар шаҳри Ал Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 брунз) касб карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Сентябр 11, 2024 09:51 Asia/Dushanbe
  • Касби 11 медал тавассути навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии бокс

Варзишкорони тоҷикистонӣ дар Мусобиқоти бокси қаҳрамонии Осиё дар байни навҷавонон ва донишомӯзон, ки дар шаҳри Ал Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 брунз) касб карданд.

Ин мусобиқот аз 27 август то 10 сентябр дар шаҳри Ал Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон як тими комили 27 нафараро ба ин мусобиқоти қаҳрамонӣ эъзом кард. Ёдовар мешавем, ки 149 варзишкор аз 24 кишвари қора дар ин мусобиқот ширкат карданд.