Баҳрабардорӣ аз як хати интиқоли барқи нерӯгоҳи “Роғун” бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
(last modified 2024-09-27T13:51:52+00:00 )
Сентябр 27, 2024 18:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар
    Ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар "Роғун"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чорчӯби сафари кории худ ба шаҳри Роғун, хати интиқоли нерӯи 220 кВ аз нерӯгоҳи “Роғун” то зеристгоҳи барқии “Роғун” - ро мавриди истифода қарор дод. Барои иҷрои ин тарҳ 11 млн доллар харҷ шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, интизор меравад зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Роғун” пас аз навсозӣ, сокинони Роғун, Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин кунад.

Тибқи иттилои манбаъ, пас аз навсозӣ ва афзоиши майдони зеристгоҳи мазкур, барқи тавлидшудаи нерӯгоҳи “Роғун” тавассути хати барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО “Роғун” то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Роғун” интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва ба ин васила суботи системаи энергетикии кишвар баланд мегардад.

Ёдовар мешавем, чанде пеш ширкати “Барқи Тоҷик” бо муроҷиати расмӣ ба шаҳрвандон изҳор дошт, ки аз 22 сентябр дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мегардад.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика, дар нимсолаи аввали соли 2024 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон (бо назардошти неругоҳҳои обии хурд) беш аз 10,3 млрд. кВт. соатро ташкил додааст.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393,4 млн. кВт. соат кам будааст.