Таъсиси Федератсияи куштии Тоҷикистон дар Ҷопон
(last modified Fri, 25 Oct 2024 12:28:37 GMT )
Октябр 25, 2024 17:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Душанбе ва Токио дар соҳаи варзиш
    Ҳамкории Душанбе ва Токио дар соҳаи варзиш

Тоҷикистон тасмим дорад дар Ҷопон федератсияи куштӣ таъсис диҳад.

Ин тасмим дар дидори Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи варзиш ва ҷавонони зери назари давлати Тоҷикистон ва Тушиҳиро Оики, сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷопон дар Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Дар ин дидор тарафайн дидгоҳҳои худро дар хусуси баргузории ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистону Ҷопон дар Душанбе ва Токио баён карданд.

Ҳамчунин дар хусуси тавсеаву таҳкими равобити дӯстона байни ҷавонони ду кишвар ва ҳамкориҳои муфиди чандҷониба дар заминаи кор бо ҷавонон ва варзиш табодули назар шуд.

 

Барчасп