Таҷлили "Рӯзи театри тоҷик" дар Тоҷикистон
Имрӯз, 7 ноябр дар Театри давлатии Академияи драмавии ба номи Аболқосем Лаҳотӣ ба муносибати рузи театри Тоҷикистон конфронс баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Хавар бо истинод ба вазорати фарҳанги ин кишвар, бар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таҷлили “Рӯзҳои ид”, рузи 7 ноябр “Рӯзи театри Тоҷикистон” аст. Бори аввал дар ин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба кор шурӯъ кард. Соли 1933 номи нависанда Абулқосим Лаҳотӣ, ки дар ташкил ва ташаккули театри тоҷик хидмати бузург дорад, ба театри драмавӣ гузошта шуд.
Таҷлили рӯзи театри тоҷик дар рӯзҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин руз актёрон, режиссёрхо, драматургхо, рассомон, бастакорон ва тамоми ахли театри мамлакат чамъ омада, дар бораи комьёбихои эчодй, бурду бохти истехсолот ва накшахои оянда фикру мулохизахои худро баён мекунанд.