Намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Дубай
(last modified Fri, 06 Dec 2024 14:11:11 GMT )
Декабр 06, 2024 19:11 Asia/Dushanbe
  • Ғурфаи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Дубай
    Ғурфаи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Дубай

Беш аз 300 навъ маҳсули саноативу кишоварзӣ дар ғурфаи миллии Тоҷикистон дар Дубай ба намоиш гузошта шуд.

Намоишгоҳи байналмилалии “WORLDEF - Dubai 2024” дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар таърихи 4 декабр оғоз ба кор кард, ки ғурфаи миллии Тоҷикистон дар он ифтитоҳ ва беш аз 300 навъ маҳсули саноативу кишоварзии дохилӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Аз ғурфаи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Дубай афроди зиёде дидан мекунанд.

Намоишгоҳи байналмилалии “WORLDEF - Dubai 2024” маросими сатҳ ҷаҳонӣ аст ва ба муддати ду рӯз идома хоҳад дошт.

Солона беш аз 5000 ширкати байналмилалӣ аз кишварҳои мухталиф дар он ширкат мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо беш аз 100 кишвари мухталифи ҷаҳон равобити тиҷории хориҷӣ дорад ва ҳоло 500 навъ маҳсули саноативу кишоварзии дохилиро ба беш аз 50 кишвари ҷаҳон содир мекунад.