Ислоҳи Қонуни асосии Қазоқистон бидуни ҳамапурсӣ
Ҳамзамон бо ворид кардани тағйирот дар бархе аз сохторҳои сиёсӣ дар Қазоқистон, раиси ҷумҳурии ин кишвар фармони ислоҳи Қонуни асосӣ бидуни баргузории ҳамапурсиро содир кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон фармони ислоҳи Қонуни асосиро содир кард.
Вай дар нишасти субҳи имрӯзи кобинаи давлат, бо ишора ба мавзӯи тақсими дубораи қудрат байни раиси ҷумҳурӣ, парлумон ва давлати ин кишвар гуфт, ворид кардани ислоҳот дар Қонуни асосии Қазоқистон бидуни баргузории ҳамапурсӣ дар ин кишвар сурат хоҳад гирифт.
Назарбоев афзуд, Қонуни асосии Қазоқистон ин иҷозаро ба давлат додааст, ки тағйирот ва ислоҳоти мавриди ниёзро бидуни барпоии референдум иҷро кунад.
Ба гуфтаи Назарбоев, қарор аст дар 23 банд бархе маводи Қонуни асосии Қазоқистон ислоҳ шавад.
Вай гуфт, сохтори раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон дар 25 соли гузашта вазоиф ва аҳдофи худро ба хубӣ ба иҷро расондааст, аммо акнун бояд бархе тағйирот дар он сурат гирад.
Назарбоев ҳудуди ду моҳи пеш ва дар маросими биступанҷумин солгарди истиқлоли Қазоқистон, хостори тақсими муҷаддади қудрат байни раиси ҷумҳурӣ, давлат ва парлумон дар ин кишвар шуда буд.
Ин дар ҳоле аст, ки Назарбоев аз 25 соли пеш зимоми раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистонро дар даст дорад.