Март 04, 2017 21:01 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 573 миллион доллар қарзи Бонки рушди Осиё ба Узбакистон

Раиси Бонки рушди Осиё дар сафар ба Узбакистон, 573 миллион доллар қарз ба ин кишвар ихтисос дод.

Такехико Накао-раиси Бонки рушди Осиё, субҳи имрӯз бо Шавкат Мирзёев- раисиҷумҳури Узбакистон дидор ва 573 миллион доллар ба ин кишвар қарз ихтисос дод.

Ба гузориши Форс,Такехико Накао тайи сафари 3 рӯзаи худ ба Узбакистон бо Содиқ Сафоев- муовини аввали раиси маҷлиси Сенат Очилбой Раҳмтов, муовини аввали нахуствазир-Рустам Азимов, Ботир Хоҷаев, вазири дороии Узбакистон ва дигар мақомоти ин кишвар дидор кард.

Такехико Накао дар ин замина афзуд, ин бонк барои таъмин молии «тарҳи таъмини молии саноати кӯчак» дар манотиқи дӯр афтода ва маҳруми Узбакистон, муодили 100 миллион доллар ихтисос додааст.

Ба гуфтаи вай, 121 миллион доллар воми дигар барои «тарҳи бозсозии шабакаҳои обёрӣ дар Тошканд» тахсис шудааст, ки ба беҳбуди зиндагии беш аз 3 миллион нафар шаҳрванди ин вилоят кӯмак хоҳад кард.

Такехико Накао дар чаҳорчӯби сафари худ ба Узбакистон ҳамчунин аз вилоятҳои Самарқанд, Бухоро ва Тошканд боздид ва бо натоиҷи иҷроии тарҳҳои сармоягузорӣ бо мушорикати Бонки рушди Осиё ошно шуд.