Парлумони Қазоқистон ислоҳоти Қонуни асосиро тасвиб кард
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i14222-Парлумони_Қазоқистон_ислоҳоти_Қонуни_асосиро_тасвиб_кард
Парлумони Қазоқистон, бастаи такмилии Қонуни асосӣ, ки ихтиёроти раисҷумҳуриро ба нафъи қонунгузорон ва аъзои кобина коҳиш медиҳад, тайид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 06, 2017 14:54 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Қазоқистон ислоҳоти Қонуни асосиро тасвиб кард

Парлумони Қазоқистон, бастаи такмилии Қонуни асосӣ, ки ихтиёроти раисҷумҳуриро ба нафъи қонунгузорон ва аъзои кобина коҳиш медиҳад, тайид кард.

Ба иттилои Исно, мавзуи ислоҳи Қонуни асосии Қазоқистон аз моҳи майи соли 2016 дар дастури қонунгузорони ин кишвар қарор гирифт .

Ба муҷиби ин тағйиру ислоҳот, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон аз ҳаққи номзад шудан барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ то замони дилхоҳ бархурдор шуд ва ин дар ҳолест, ки дигарон фақат барои ду давраи мутаволӣ метавонанд раисҷумҳури Қазоқистон шаванд .

Коҳиши давраи раёсатҷумҳурӣ аз ҳафт сол ба панҷ сол ва афзоиши ихтиёроти Парлумони Қазоқистон низ аз дигар бахшҳои ислоҳи Қонуни асосӣ аст .

Мунтақидони раисҷумҳури Қазоқистон, ки аз соли 1988 қудратро дар ихтиёр дорад, муътақиданд, вай саргарми талош барои костан аз шиддати рақобат миёни ворисони эҳтимолии худ аст .