Март 13, 2017 15:49 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Остона, идомаи талошҳо барои ҳалли буҳрони Сурия

Ҳайъати ҷумҳурии исломии Эрон ба раёсати Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ, муовини арабӣ ва африқои Вазорати умури хориҷа барои ширкат дар Конфронси остонаи 3 дар бораи Сурия, субҳи имрӯз озими Қазоқистон шуд. Музокироти байналмилалии Остонаи 3, рӯзҳои чаҳордаҳуму понздаҳуми март бо мушорикати ҳайъатҳое аз давлати Сурия ва муоризони ин кишвар ва се кишвари тазминкунандаи оташбаси ҷорӣ дар Сурия шомили Эрон, Русия ва Туркия, дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад.

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон имрӯз дар баёнияе эълом кард, дар нишасти Остонаи 3 ҳайъатҳои Эрон, Русияв ва Туркия, давлати Сурия, намояндагони мухолифони мусаллаҳ, Стаффан де Мистура ва намояндаи дабири кулли Созмони милал дар Сурия ва намояндагоне аз Амрико ва Урдун низ ширкат мекунанд .

Дар идомаи баёния омадааст, дар нишасти Остона 3 масоили марбут ба риояти оташбас дар Сурия, иқдомҳо барои тасбити авзоъ дар манотиқи муайяне аз ин кишвар ва низ масоили марбут ба музокироти отии сурӣ дар Женева матраҳ ва баррасӣ мешавад. Дар нишасти Остонаи 3 ҳамчунин гурӯҳи муштараки амалиётӣ гузорише аз вазъияти Сурия ироа ва тадобири лозим барои тақвияти оташбас дар ин кишвар мавриди тавофуқ қарор мегирад .

Музокироти чандҷонибаи Остона, 23 ва 24 январ ба ибтикори Эрон, Русия ва Туркия бо ҳузури намояндагони давлат ва гурӯҳҳои мусаллаҳ баргузор шуд ва барои аввалин бор намояндагони давлати қонунии Сурия рӯ дар рӯ бо намояндагони муоризони мусаллаҳ музокира карданд .

Баргузории ин нишастҳо тавонистааст оташбаси нисбатан пойдоре дар Сурия эҷод кунад. Акнун аз саргирии музокироти сурӣ дар Женева пас аз ҳудуди ҳашт моҳ таъхир барои бистуми феврал барномарезӣ шудааст,  аммо то расидан ба сулҳ роҳи сахте дар пеш аст .

Аз дидгоҳи таҳлилӣ, дар ин нишаст, се ҷарёни қобили баҳс матраҳ аст. Ҷарёни нахуст эҷоди механизмҳои қавии дипломатӣ аст, ки ба мувозоти муборизаи қотеъ бо терроризм ва пас аз озодсозии шаҳри стратегии Ҳалаб тавонист оташбас дар Сурияро ба истиснои муқобила бо ДИИШ ва Алнусра бо соири гурӯҳҳои муориза дар ҷиҳати шаклгирии музокироти сурӣ–сурӣ фароҳам созад. Акнун шаҳрҳои муҳим ва аслӣ ҳамчун Димишқ, Ҳимс, Ҳама, Ҳалаб, Лозиқия, Тартус ва Алсувайдо батаври комил таҳти контроли давлати Сурия аст.

Ҷарёни дуввум таъини гурӯҳҳои бархурдор аз зарфиятҳои лозим барои музокира бо давлати Сурия аст, ки як гоми муҳим дар ҷиҳати ҳалли буҳрони Сурия аст. Ин ҷарён аз сӯи Де Мистура, намояндаи вижаи Созмони милал дар умури Сурия ба шиддат ҳимоят мешавад, зеро ин танҳо гузинаест, ки метавонад роҳро барои гуфтугӯҳои сурӣ-сурӣ ҳамвор кунад  .

Аммо ҷарёни сеюм ҳамсӯ шудану пайвастани Туркия ба музокирот Остона ва такмил шудани ҳалқаи дипломатии Эрону Русия барои кумак ба ҳалли буҳрони Сурия аст. Иттифоқоте, ки дар моҳи июли гузашта дар Туркия афтод ва Анкара таҷрубаи кудатои нофарҷомро пушти сар гузошт, аз таҳаввулоте буд, ки дар чархиши сиёсатҳои Туркия бетаъсир набуд.

Дар чунин шароите баргузории нишастҳо барои расидан ба сулҳ дар Сурия сахт ва пурчолиш аст. Дар ҳар ҳол талошҳо идома дорад ва ибтикори амали Эрон, Русия ва Туркия муқобил ва ё ҷойгузини талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ набуда ва нест, балки мукаммили он аст ва арзишҳое афзуда дорад. Барои такмили ин раванд ниёз ба ирода ва кушиши бештар аст. Аз шурӯи буҳрон дар Сурия дар соли 2011, ки бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои сарнагун кардани давлати қонунии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия оғоз шуд, шаш сол мегузарад. Акнун бояд дид оё талошҳои байналмилалӣ метавонад нуқтаи поёнӣ бар ин буҳрон бошад. Бояд дид музокироти Остонаи 3 ва музокироти Женева то куҷо пеш хоҳанд рафт .