Май 30, 2017 09:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи ташдиди буҳрони об дар Осиёи Марказӣ

Мудири Пажуҳишгоҳи байнидавлатии умури об дар Осиёи Марказӣ барқарории дубораи асли мубодилаи об дар баробари сӯхт ва барқро танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ташдиди буҳрони об дар ин минтақа донист.

Ба иттилои Ка-Ниюз, Нариман Кипшакбаев, бо баёни инки дар оянда буҳрони камбуди об дар Осиёи Марказӣ ташдид хоҳад шуд, гуфт: Танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ташдиди буҳрони об дар минтақа ва хушкидани дарёчаи Арал ва низ таъмини оби мавриди ниёзи ин кишварҳо бидуни ниёз ба мудохилаи хориҷӣ, барқарории дубораи асли об дар баробари сӯхту барқ аст .

Мудири маркази Пажуҳишгоҳи байнидавлатии умури об дар Осиёи Марказӣ ёдовар шуд, ки ин тарҳ қабл аз фурупошии Шӯравӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба унвони дорандагони захоири оби ду рудхонаи Аму ва Сири Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба унвони ҷумҳуриҳои дорои нафту газ дар 365 рӯзи сол ба таври дақиқ иҷро мешуд .

Вай афзуд: Аммо акнун ин навъи ҳамкорӣ аз байн рафтааст ва буҳрони об дар Осиёи Марказӣ дар ояндаи наздик бадтар хоҳад шуд .

Кипшакбаев бо ишора ба баргузории Ҳамоиши байналмилалии рушди пойдори ҳавзаи дарёчаи Арал дар Қазоқистон, ҳамкории наздики ҷумҳуриҳои минтақа барои ҷилавгирӣ аз ташдиди буҳрони об дар ояндаро хостор шудааст .

Ҳамоиши байналмилалии рушди пойдори ҳавзаи дарёчаи Арал дар Қазоқистон имрӯзу фардо бо мушорикати намояндагони 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор мешавад .

 

Барчасп