Июн 04, 2017 16:39 Asia/Dushanbe

Мавзӯи доштани гувоҳинома ё шаҳодатномаи русӣ барои ронандагони хориҷӣ дар Русия дубора ба миён омад, ки бисёре аз ронандагони хориҷӣ, ба вижа тоҷикистониёнро нигарон кардааст.

Қаблан расонаҳои Тоҷикистон ва Русия ба нақл аз Думаи давлатии Русия иттилоъ дода буданд, ки лоиҳаи қонун "Дар бораи амнияти ҳаракат дар роҳ" то соли 2018 тамдид шудааст. Бар ин асос ҳатмӣ шудани дарёфти гувоҳиномаи ронандагии русӣ барои муҳоҷирони кории хориҷии машғул ба кор дар бахши нақлиёт, ки торихи иҷрои он 1 уми июни соли 2017 буд, бояд то як соли дигар тамдид мешуд.

Аммо ҳамакнун ронандагони тоҷикистонии фаъол дар бахши ҳамлу нақл ва мусофиркашонии Русия аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки полиси роҳ онҳоро боздошт ва ҷаримаи сангин мебандад ва иддао мекунад, ки дигар бо гувоҳиномаи ронандагии кишвари худ ҳаққи ронандагӣ дар Русияро надоранд. Мақомоти Русия гуфтаанд, кордеҳоне ки ронандагони бидуни шаҳодатномаи ронандагии русиро ба кор мегиранд, 50 ҳазор рубл (ҳудуди 900 доллар) ҷарима хоҳанд шуд.

Пештар сайти "Газета. ру" ва хабаргузории "Озодагон" ҳам аз тамдиди яксолаи лоиҳаи қонуни Русия "Дар бораи амнияти ҳаракат дар роҳ" хабар дода буданд. Иддаои тамдиди ин мавзуъ то соли 2018 аз ҷониби расонаҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷики мавсум ба "Этмос", қонуни дарёфти гувоҳиномаҳои русӣ барои муҳоҷирон дар Думаи Русия тамдид нашудааст.

Қаблан "Газета" аз тамдиди яксолаи ҳуҷҷати ронандагӣ дар Русия хабар дода буд

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия низ мегӯяд, шикоятҳо дар мавриди аз кор озод шудани муҳоҷирони ронанда ба онҳо низ зиёд аст. Вай рӯзи 2-юми июн гуфт, аксари муҳоҷирони тоҷике, ки ба ин намояндагӣ шикоят бурдаанд, ронандаҳои таксӣ ва мусофиркашҳои мошинҳои сабукрав мебошанд.

Оқои Аҳмадов таъкид кард; “мо ҳанӯз 20 –уми апрел муҳоҷиронро огоҳ карда будем, ки аз 1 –уми июни соли ҷорӣ тағйиру иловаҳо ба қонуни ҳаракат дар роҳи Русия амалӣ мешавад. Ин лоиҳа аз соли 2013 таҳия шуда буд ва дар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ, ки шаҳодатномаи ронандагии Русияро надоранд, аз идораи нақлиёти ҷамъиятӣ; автобус, троллейбус, трамвай, мусофиркашҳои хурд, таксӣ ва мошинҳои боркаш маҳрум мешаванд.

Шикояти ронандагон аз бозрасии пулиси роҳ

Акнун ҳолатҳое ҳам сабт шудааст, ки пулис ҳатто соҳибони мошини шахсиро ҳам ҷарима кардааст. Ҳоло иддае аз муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ думболи дарёфти ҷавоб ба ин суоланд, ки ин тағйирот ба чӣ касоне рабт дорад? Оё фақат марбут ба ронандагони нақлиёти давлатӣ аст ё соҳибони нақлиёти шахсӣ низ маҷбуранд гувоҳиномаи ронандагии русӣ бигиранд? Каримҷон Ёров, раҳбари созмони “Этмос” ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, ин қонун асосан барои таксистҳо, ронандаҳои нақлиёти умумӣ ва мошинҳои боркаш рабти мустақим дорад.

Аз сӯйи дигар ба гуфтаи Каримҷон Ёров, тағйирот дар қонуни Русия “Дар бораи амнияти ҳаракат дар роҳ” бо меъёрҳои байналмилалӣ дар таззод аст ва муҳоҷирон метавонанд мақомоти русро барои беэҳтиромӣ ба санадҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва эътироф накардани гувоҳиномаи ронандагии кишварҳои дигар ба додгоҳ кашанд.

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони "Этмос"

Бар асоси муқаррароти ҷадид акнун ронандагони хориҷӣ дар Русия муваззаф мешаванд дар озмуни 3 марҳалаии ронандагӣ ширкат ва муҷаввизи ҷадид касб кунанд, ки албатта ин мавзӯъ бо эътирози бархе аз созмонҳои ронандагӣ дар Русия рӯбарӯ шудааст. Аммо бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ мегӯянд, ки гирифтани ҳуҷҷати ронандагии русӣ дар дасти миёнравҳост ва ҳоло қиматаш аз сад ҳазор рубли русӣ ҳам боло рафтааст. Муҳоҷирони тоҷикистонӣ суол мекунанд, ки оё аз роҳи қонунӣ ва бидуни миёнрав ба даст овардани ин санад бо маблағи камтаре имкон дорад? Оқои Каримҷон Ёров вазъияти ба даст овардани гувоҳиномаи ронандагии русӣ барои муҳоҷиронро хеле сахт ва дар ҳоли ҳозир асосан аз тариқи миёнравҳо имконпазир медонад. Ӯ мегӯяд, барои тамоми ронандаҳои хориҷӣ танҳо як категория дода мешавад ва дастрас кардани он ҳам дар навбати аввал ғайримумкин аст. Масъулони муассисаҳои гувоҳиномадиҳӣ ба хотири пул дар навбати аввал аз имтиҳони ронандагӣ меғалтонанд ва барои навбати дуввум низ супоридани пули изофӣ лозим аст ва барои категорияи дигар ҳамчунин бояд пул пардохт кард.

Таъвизи гувоҳиномаи ронандагии хориҷӣ ба русӣ

Ҳамчунин бархе аз муҳоҷирон иддао кардаанд, ки ҳанӯз қонуни ҷадид "Дар бораи амнияти ҳаракат дар роҳ" дар Русия ба ҳукми иҷро надаромадааст ва масъулони ГАИ ё пулиси роҳи Русия дар тамоси телефонӣ ба ронандагон гуфтаанд, ки ин қонун ҳанӯз қабул нашудааст ва ширкати “Яндекс-такси” ҳам ин нуктаро таъйид ва ба муҳоҷирон ваъдаи кӯмак кардааст. Аммо Каримҷон Ёров кӯмаки ин ширкатро дур аз воқеият хонд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъди ба ҳукми иҷро даромадани тағйирот ба қонун “Дар бораи амнияти ҳаракат дар роҳ” дар Русия шикояти муҳоҷирон зиёд шудааст. Бар асоси ин тағйирот шурӯъ аз якуми июни соли ҷорӣ муҳоҷирони хориҷӣ ҳақ надоранд бо шаҳодатномаи ронандагии кишварҳои худ ба мусофиркашӣ машғул шаванд. Ҳоло садҳо муҳоҷири тоҷик бо далели надоштани шаҳодатномаи ронандагии Русия аз корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии марбут ба мусофиркашонӣ ронда шудаанд.

Мақомоти рус ҳадаф аз ин тағйирот дар қонунро танзими бахши нақлиёти умумӣ арзёбӣ мекунанд, зеро иддао доранд, ки 20 дарсади ронандагии хориҷиҳо дар Русия ғайриқонунӣ аст. Аммо бархе аз коршиносон сабаби таъвизи ҳуҷҷати ронандагии хориҷӣ ба русӣ барои ронандагони хориҷиро ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби муҳоҷирон ва дигар коргарони хориҷӣ ва пур кардани будҷа арзёбӣ мекунанд.

Мавзӯи тамдиди гувоҳиномаи ронандагии хориҷиҳо дар Русия мавзӯи нав нест ва аз соли 2013 ба миён омада ва дар соли 2014 ба сабаби иҷрои кунди қонун дубора тамдид шуд. Баъдан боз то 1-уми июни соли 2015 ва ҳамин тавр ин муҳлат то соли 2016 ва ниҳоят то соли 2017 низ тамдид шуд. Албатта хабари тамдид то соли 2018 –ро ҳам расонаҳо мунташир карданд, аммо ҳуқуқшинос Каримҷон Ёров аз адами тамдиди соли оянда хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки 5-уми ноябри соли 2013 мақомоти рус манъи гувоҳиномаҳои хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро ба баҳс кашиданд.

Тасодуфи ронандагӣ аз сӯи як арманӣ дар Подолский (2013)

Далели ин амр тасодуфи як комюни боркаши шаҳрванди 49- солаи Арманистон – Грачя Артурян ба автобуси ҳомили мусофирон дар ноҳияи Подолски вилояти Маскав дар 13 –уми июли соли 2013 номида мешавад, ки дар натиҷаи ин тасодуф 18 нафар ҷон бохтанд ва 40 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Садои коршинос дар умури муҳоҷират ва раиси созмони "Этмос" Каримҷон Ёров дар аввали ин матлаб қобили шунидан аст.

Барчасп