Остона, мизбони Иҷлоси сарони созмони Шанҳай
(last modified 2017-06-10T16:17:30+00:00 )
Июн 10, 2017 21:17 Asia/Dushanbe
  • Остона, мизбони Иҷлоси сарони созмони Шанҳай

Ҳафдаҳумин Нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанҳай ҷумъа нуҳуми июн дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд. Яке аз меҳварҳои гуфтугӯ тавофуқ бар сари узвияти Эрон дар ин нишаст эълом шуд.

Ҳафдаҳумин Нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанҳай дар Остона, ҳамчун нишастҳои қаблӣ, ҳавли се меҳвар кори худро оғоз кард. Баррасии узвияти расмии Ҳинду Покистон ва талоши аъзо барои узвияти Эрон дар ин созмон ва ҳамчунин баҳсу баррасӣ дар хусуси роҳкорҳои таъмини амният бо ҳадафи тавсеаи фаъолиятҳои иқтисодӣ ва санъатӣ, дастури кори ин иҷлос қарор гирифт. Бо фарзи таҳаққуқи ин маворид, бетардид бар аҳаммияти геополитикӣ, ҷамъиятӣ ва боло рафтани тавлиди нохолиси миллӣ ва тақвияти ҳамгароии сиёсӣ дар Шанҳай афзуда хоҳад шуд. Дар нишастҳои қаблии сарони Созмони ҳамкории Шанҳай, ба тановуб мавзуи узвияти Эрон дар ин ниҳоди минтақаӣ матраҳ буд.  

Чину Русия ба унвони аъзои аслии Шанҳай, бино ба мулоҳизоте (албатта) бо сароҳате камтар, умдатан бар узви нозир будани Эрон тамаркуз доштанд ва аз ин рӯ, камтар дар бораи узвияти расмии Эрон дар Шанҳай эъломи мавзеъ мекарданд .

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури вақти Русия як бор эълом кард, ки Эрон ҳануз ба шароит ва стандарти қобили қабуле барои узвият дар ниҳоди мазкур даст наёфтааст, аммо вай изъон кард, ки Эрон дорои қобилиятҳои фаровоне дар заминаҳои мухталиф аст, ки узвияти Эронро дар Шанҳай тасҳил хоҳад кард. Воқеият аммо рӯи ҳамкориҳои стратегӣ, ҳамкориҳои роҳбурдии баландмуддат ва таомулоти низомӣ ва амниятӣ дар Шанҳай мутамарказ аст.

Шанҳай онтавр, ки бархе таҳлилгарони ғарбӣ дар борааш ба арзёбӣ нишастаанд, сирфан як ниҳоди низомии ҳамроҳ бо фаъолиятҳои амниятӣ нест, балки дар ҳоли табдил шудан ба ниҳоде фаъол дар арсаи иқтисод, тиҷорат ва санъат аст .

Бо ироаи чунин тасвире аз Созмони ҳамкории Шанҳай, ки барҷастатарин амалкардаш дар ин солҳо мубориза бо терроризм дар ашколи мухталиф будааст, алалқоида, ҷумҳурии исломии Эрон метавонад узве муассир дар Шанҳай бошад. Зеро ҷуғрофиё ва ҷамъият, нерӯи кори моҳир, рушди уфуқӣ ва амудии беш аз пеши ниҳодҳои илмӣ ва доро будани шароити як кишвари бозигар дар канори ҳамсӯ будан бо Чину Русия, амалан заминаҳоро барои узвияти Эрон дар Шанҳай фароҳам кардааст.

Аз онҷо, ки бархе огоҳони сиёсӣ ҳамкориҳои даруни минтақаии Шанҳайро аз як синх медонанд ва бархеро бар бархе тарҷеҳ намедиҳанд, бино бар ин, ҳамкориҳо аз навъи дуввум талаққӣ намешаванд.

Бидон маъно, ки мубориза бо терроризм ҳамон аҳаммиятеро дар байни аъзои Шанҳай дорад, ки мубориза бо Амрико барои хориҷ шудан аз ҳавзаи нуфузи суннатии Чину Русия аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз. Ба иборате равшантар, мафҳуми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо аъзо ҷудо аз тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ё амниятӣ нест. Бо ин бардошт, интизор меравад, ки аъзои Шанҳай потенсиалҳо ва қобилиятҳои Эронро дар интибоқи комил бо меъёрҳои Созмони ҳамкории Шанҳай бубинанд.