Қазоқҳои узви ДИИШ пушаймон аз кардаи хешанд
(last modified 2017-06-20T15:09:02+00:00 )
Июн 20, 2017 20:09 Asia/Dushanbe
  • Қазоқҳои узви ДИИШ пушаймон аз кардаи хешанд

Вазири умури динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон гуфт, 90 дарсади қазоқони узви ДИИШ дар Сурия аз иқдомоти хеш сахт пушаймон ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурлан Ермекбоев, вазири умури динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон гуфт, шаҳрвандони Қазоқистон бо ангезаҳои мухталиф ба Сурия ва Ироқ сафар кардаанд, аммо аксари ин афрод ба таври куллӣ аз арзишҳои исломӣ ва усули динӣ иттилоъ надоранд.

Ба гуфтаи вазири умури динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон, бо таваҷҷуҳ ба шароити муносиби мазҳабию динии ин кишвар иддае аз шаҳрвандони ифротӣ бо сафар ба Сурия ва Ироқ ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд, ки ин мавзӯъ хилофи қавонини Қазоқистон аст. Ӯ гуфт, тибқи қавонини Қазоқистон, афроде, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, аз тобеияти ин кишвар хориҷ хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди панҷ ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДИИШ ҳузур доранд.

 

Барчасп