Таъкиди раисҷумҳури Қазоқистон ба идомаи мубориза бо ДИИШ
Июл 21, 2017 20:20 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Қазоқистон ба идомаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар таъкид кард.
Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Ислом озари”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, Нурсултон Назарбоев рӯзи ҷумъа дар нишасте бо намояндагони ақаллиятҳои динии Қазоқистон дар Остона, пойтахти ин кишвар гуфт, нерӯҳои амниятии Қазоқистон ба муборизаи худ то нобудии террористҳо идома хоҳанд дод. Пеш аз ин низ раисҷумҳури Қазоқистон эълом карда буд, шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайванданд, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум хоҳанд шуд. Назарбоев ҳамчунин теъдоди он қазоқистониҳоеро, ки ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ пайвастаанд, 500-600 нафар гуфта буд.