Қарзи ним миллиардии Бонки рушди Осиё ба Узбакистон
Август 02, 2017 19:31 Asia/Dushanbe
Бонки рушди Осиё (ADB) қарзе ба маблағи 500 миллион доллар барои ҳимоят аз маскани рустоии Узбакистон ихтисос дод.
Ба нақл аз Ирно, Такео Кониши, мудири умури хориҷаи Бонки рушди Осиё дар Узбакистон гуфт, ҳадаф аз ихтисос додани ин эътибор, беҳбуди кайфияти зиндагии мардуми рустонишини Узбакистон бо сохти маскани хубу арзон аст.
Бонки рушди Осиё пештар низ барномае барои ҳимоят аз маскани рустоӣ дар Узбакистон дар солҳои 2012 то 2015 иҷро карда буд .
Бонки рушди Осиё, ки дар Манила, пойтахти Филиппин мустақар аст, бо ҳадафи коҳиши фақр дар Осиё ва Уқёнуси ором аз тариқи рушди иқтисодии фарогир, рушди пойдори муҳити зист ва идғоми минтақаӣ дар соли 1966 таъсис шудааст .