Август 30, 2017 14:27 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми як гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон аз иҷрои амалиёти вижаи зиддитеррористӣ ва инҳидоми як гурӯҳи террористӣ дар қаламрави ин кишвар, хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Кактус”, марҳалаи ниҳоии ин амалиёт дар вилояти Чуйи Қирғизистон сурат гирифт, ки дар он 2 фарди гумонбар ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ, кушта шуданд ва як нафари дигар захмӣ ва боздошт шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, ин гурӯҳ қасд доштааст, дар рӯзҳои бузургдошти 29-умин солгарди истиқлоли Қирғизистон, дар ин кишвар амалиёти террористӣ анҷом диҳад.

Қирғизистон аз рӯзи 31 августи соли 1991, Солрӯзи истиқлоли худро ҷашн мегирад.

Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки дар солҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ шоҳиди фаъолияти созмонҳои ифротӣ, чун Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Ҳизби Таҳрир будааст.

Дар солҳои ахир низ шумори қобили таваҷҷуҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон бо узвият дар гурӯҳҳои террористиӣ, назири ДИИШ ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ эъзом шудаанд.

 

Барчасп