Август 15, 2016 09:59 Asia/Dushanbe
  • Ранҷи мардуми Узбакистон ва Тоҷикистон аз равобити пуртаниши ду кишвар

Коршиносони масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақиданд, ки аз равобити муташанниҷи Узбакистон ва Тоҷикистон, ки ангезаи сиёсӣ дорад, мардуми ҳардуи кишвари ҳамсоя ранҷ мебаранд.

Ба иттилои сайти Тоҷинфо, Пулод Охундов, коршиноси масоили сиёсии Узбакистон гуфт, дар ҳар ду ҷониби марзи муштараки ин ду кишвар мардумоне зиндагӣ мекунанд, ки бо ҳам равобити хешутаборӣ доранд, бинобарин далеле барои мингузории ин манотиқ ва ё эъмоли низоми раводид барои сафари ин афрод вуҷуд надорад. Аз тарафе лағви раводид метавонист муҷиби равнақи тиҷорати марзӣ ва гардишгарӣ миёни манотиқи ҳаммарзи ин ду кишвар шавад.

Алӣ Мастов, таҳлилгари тоҷик таъкид кард, вуҷуди минҳои кошташуда аз сӯи низомиёни узбак дар манотиқи марзии Узбакистон бо Тоҷикистон, ҳамчунин ихтилофи ин ду кишвар бар сари нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун монее ҷиддӣ дар роҳи оддисозии равобити Тошканд ва Душанбе аст, ки бо вуҷуди умедвории мақомоти ин ду кишвари ҳамсоя барои беҳбуди муносиботи дуҷониба ҳеч пешрафте дар ин замина мушоҳида намешавад.

Алим Шерзамонов, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон низ бар ин бовар аст, ки  барои оддисозии равобити пуртаниши Узбакистон ва Тоҷикистон дар шароити феълӣ, дар миёни нухбагони сиёсии ин ду кишвар ҳам иродаи ҷиддӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ дар ояндаи наздики умеде ба беҳбуди муносиботи Тошканд ва Душанбе вуҷуд надорад.