Изҳори назари як мақоми рус дар бораи равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон
(last modified 2017-09-17T04:37:28+00:00 )
Сентябр 17, 2017 09:37 Asia/Dushanbe
  • Изҳори назари як мақоми рус дар бораи равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Мудири Маркази мутолеоти Осиёи Марказӣ дар пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи Ҳамсуд (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар Маскав муътақид аст, вуҷуди бархе мушкилот дар равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон иллати дидор накардани сарони ин ду ҷумҳурӣ аз кишварҳои ҳамдигар аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Андрей Гурозин бо ишора ба ду бор дидори Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз Туркманистон ва Қазоқистон ва низ сафари ахири вай ба Қирғизистон гуфт, миёни Тошканд ва Душанбе мушкилоте вуҷуд дорад, ки монеи ҳалли ихтилофот байни ду кишвари ҳамсоя мешавад.

Вай таъкид кард, бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Тошканд дар авохири соли 2016 , ибтикороте аз сӯйи вай дар заминаи беҳбуди равобит бо Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон эҷод шуд, ки бо сафари сарони ин ҷумҳуриҳо ба Тошканд ва дидорҳои раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз ин се кишвар ҳамроҳ буд.

 Ба гуфтаи вай, ин иттифоқ дар равобит миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба вуҷуд наомад ва сарони ин ду кишвари ҳамсоя то ба ҳол ба пойтахтҳои якдигар сафари расмӣ анҷом надодаанд.

Ба назар мерасад, ки Тошканд ва Душанбе мунтазир ҳастанд чӣ касе гоми нахустро дар беҳбуди равобити дуҷониба бармедорад. Зеро дар Тошканд тасаввур бар ин аст, ки тӯб дар майдони Душанбе аст ва дар муқобил, мақомоти тоҷик низ мунтазири ибтикори амали Ӯзбакистон ҳастанд.

Ҳарчанд давлати Ӯзбакистон барои аввалин бор тайи 20 соли гузашта, пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии қаблии ин кишвар эълом кард, ки бо идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун дар Тоҷикистон мухолифате надорад ва ин иқдом паёми мусбати Тошканд ба кишвари ҳамсоя аст.

 

Барчасп