Сентябр 23, 2017 13:05 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи ҳамкории тиҷории Амрико ва Узбакистон

Ширкатҳои тиҷории Амрико ва Узбакистон дар ҳошияи нишасти Созмони Миллал тавофуқномаи ҳамкории тиҷорӣ ба арзиши 2.6 миллиард доллар имзо карданд.

Дар дидори раиси утоқи бозаргонии Амрико ва Узбакистон мақомоти ду кишвар санадҳои тавофуқномаи 2.6 миллиард доллариро ба имзо расонданд, ки дар маросими имзои ин тавофуқнома ширкаткунандагон дар анҷумани тақвияти  ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, дар бораи эҷоди фазои муносиби сармоягузорӣ дар Узбакистон ва низ иҷрои тарҳҳо ва проэктҳо дар заминаҳои санъат, зерсохтҳо, гардишгарӣ, улум ва омӯзишҳои муштарак табодули назар карданд.

Ширкатҳои амрикоӣ аз ҷумла «Генерал электирик», «honeywel cnh john deere, caterpillar, osi systems, lutron, boeing  дар назар доранд, то дар проэктҳои муҳандисӣ, нафт, газ ва соҳаи кимиё, барқ ва ҳамчунин дар саноъати сохту сози мошини Узбакистон фаъолият кунанд.

 Тамоюли ширкатҳои амрикоӣ ба ҳузури фаъол ва муассир дар арсаи иқтисоди ва саноъати Узбакистон пас аз таҳаввулоти сиёсӣ ва эҷоди фазои иқтисодиву  иҷтимоӣ пас аз даврони Ислом Каримов, ки устувор бар рӯйкардҳои ҷадид дар сиёсати хориҷии Узбакистон аст, таваҷҷуҳи маҳофили сиёсиро ба худ ҷалб кардааст. Аммо имзои ин тавофуқнома миёни мақомоти амрикоӣ ва узбак ва интишори хабари марбут ба он, аз манзари дигар низ қобили андеша аст ва он инки ин тавофуқнома андаке пас аз имзои 16 санади ҳамкорӣ миёни мақомоти вазорати хориҷаи Узбакистон ва Русия ба арзиши беш аз 3.5 миллиард доллар, ба имзои мақомоти Вашингтон ва Тошканд расидааст. Мавзӯе, ки беш аз ҳар чиз бархоста аз рақобати ошкори Москва ва Вашингтон барои ҳузури фаъол ва муассир дар арсаи иқтисод, саноъат, тиҷорат ва сиёсати Узбакистон дар даврони пас аз Ислом Каримов ва давраи ҷадиди ҳаёти сиёсии ин ҷумҳурии Осиёи марказӣ дар даврони Мирзёев аст.

Шояд ончи Вашингтонро ба имзои тавофуқномаи тиҷорӣ бо Узбакистон тарғиб кардааст, имзои 16 санади ҳамкории иқтисодӣ миёни Русия ва Узбакистон ба арзиши беш аз 3.5 миллиард доллар миёни Очилбой Раҳматов-муовини нахуствазири Узбакистон ва Максим Орешкин- вазири рушди  иқтисодии Русия бошад. Ҳар чанд, ки гуфта мешавад сафари ахири Шавкат Мирзиёев- раиси ҷумҳурии Узбакистон ба Москва ва гуфтугӯи вай бо Владимир Путин-раиси ҷумҳур дар саросемагии Амрико ва ширкатҳои амрикоӣ ба басту густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Узбакистон бетаъсир набуда аст. Бо вуҷуди ин ҳамчунон ин савол матраҳ аст, ки оё ҳамаи иллати ҳамкории ширкатҳои амрикоӣ бо Узбакистонро бояд дар рақобати Вашингтон бо Москва ҷустуҷӯ кард?

 Бархе нозирон мӯътақиданд иллат ва чароии густариши равобити Амрико ва Узбакистонро илова бар аҳдофи кӯтоҳ ва дарозмуддати Амрико ва низ тақобул бо Русия барои нуфузи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи марказӣ, бояд дар сар баровардани дигар бозигарони фаъоли байналамиллалӣ дар арсаи сиёсат, тиҷорат, саноъат ва муодилоти байналамиллалӣ низ ҷустуҷӯ кард. Ҳар чанд бархе нишондодҳои амниятӣ низ метавонад аз далилҳои ин ҳамкорӣ бошад. Аммо ба назар мерасад, Чин ба унвони бозигаре, ки аз имкониятҳи фаннӣ, иқтисодӣ ва сиёсии лозим барои зуҳур ва буруз дар густараи Осиёи марказӣ бархурдор аст, метавон ба унвони омили шитобзои саросемагии Амрико ва ширкатҳои амрикоӣ барои ҳузур дар арсаҳои мухталифи ҷумҳуриҳои минтақа ва аз ҷумла Узбакистон ном бурд. Аз инру Амрико дар густараи Осиёи марказӣ на фақат худро дар рақобат бо Русия, ки акнун дар рақобат бо Чин низ мебинад ва тағйири раҳбарӣ дар Узбакистон бо рӯйкард ва нигариши ҷадиди Мирзиёев ин имконро барои Вашингтон фароҳам кардааст, ки дар муқоиса бо гузашта умедворонатар ба равобит бо Узбакистон бингарад, то бозтаърифи муносиботи Вашингтон бо Тошканд ба намунае барои навъи муносиботи Амрико бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ табдил шавад. Албатта ба шарти инки Вашингтон дар ин арса рақобатро ба рақибони минтақаӣ ва байналамиллалии худ вогузор накунад. Ба имзои тавофуқномаи ширкатҳои амрикоӣ бо намояндагони ӯзбак дар Амрико аз ҳамин паҳлу бояд нигарист.