Нуруллоҳ Отахонов озод шуд
Мақомоти интизомии Узбакистон Нуруллоҳ Отахонов-нависандаи мухолифро, ки ҳафтаи гузашта боздошт шуда буд, озод карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, Отахонов рӯзи аввали октябр озод шуданашро ба ин хабаргузори иттилоъ додааст.
Ҳамчунин Файзуллоҳ Отахонов, писари Нуруллоҳ Отахонов дар сафҳаи “Фейсбук”-и худ навишт, раиси пулиси минтақаи Яшнаободи Тошканд падарашро аз зиндон то хона ҳамроҳӣ кард.
Ин нависандаи 63 сола ба “Reuters” гуфт, пулис далели боздошт ва ҳамчунин раҳоии ӯро шарҳ надода ва ҳанӯз ҳам маълум нест, ки оё парвандаи қатъӣ алайҳи ӯ вуҷуд дорад ё не.
Нуруллоҳ Отахонов-нависандаи 63 солаи узбак, рӯзи 27 сентябр аз ду сол табъиди худхоста дар Туркия ба Тошканд бозгашт, аммо дар фурудгоҳ боздошт шуд.
Шавкат Мирзиёев, ҷонишини Ислом Каримов моҳи август дастур дод, номи мухолифон ва дигарандешон аз феҳристи сиёҳи амнияти Узбакистон хориҷ шавад.
Раисиҷумҳури Узбакистон ваъда дода буд паноҳандагоне, ки ба ин кишвар бозгарданд аз ҳамаи ҳуқуқи худ бархӯрдор шаванд.
Давлати Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқи Узбакистон Отахоновро соли 2016 дар феҳристи сиёҳ амният қарор дода буд, зеро ӯ китоби “Ин рӯзҳо”-ро дар сарзаниши Каримов навишта буд.