Декабр 11, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Маҷмааи парлумонии кишварҳои туркзабон дар Бишкек

Маҷмааи парлумонии кишварҳои туркзабон бо ҳузури намояндагони шаш кишвар дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “АПА”-и ҷумҳурии Озарбойҷон, дар ҳафтумин гирдиҳамоии парлумонии кишварҳои туркзабон, ки рӯзи якшанбе ба мизбонии Бишкек баргузор шуд, намояндагоне аз маҷлисҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва низ Венгрия ба унвони нозир ҳузур доштанд ва дидгоҳҳои худро дар бораи тақвияти ин маҷмаа баён карданд.

Уктой Асадов, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин нишасти якрӯза бо ишора ба гузашти 9 сол аз шаклгирии маҷмааи парлумонии кишварҳои туркзабон гуфт, ин маҷмаа дар ҳоли ҳозир бо парлумони Аврупо ва маҷмааи парлумонии кишварҳои Ҳамсуд, ҳамкорӣ мекунад ва ду ҳафтаи пеш низ ба унвони нозир дар маҷмааи парлумонии кишварҳои Осиё ширкат кард.

Дар ин нишаст раёсати давраии маҷмааи парлумонии кишварҳои туркзабон аз Қазоқистон ба Қирғизистон вогузар ва қарор шуд, иҷлоси баъдии ин маҷмаа дар Туркия баргузор шавад.

 

Барчасп