Коршиноси рус: Таҳдидоти ношӣ аз Афғонистон - иллати оддисозии равобити Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified 2018-01-14T09:58:24+00:00 )
Январ 14, 2018 14:58 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Таҳдидоти ношӣ аз Афғонистон - иллати оддисозии равобити Тоҷикистон ва Узбакистон

Коршиноси улуми сиёсии Институти иқтисод ва равобити байналмилалии Русия бо ишора ба тақвияти равобит байни Душанбе ва Тошканд, гуфт, афзоиши таҳдидоти хориҷӣ ба хусус аз тарафи Афғонистон боис шудааст, то ин кишварҳо ба якдигар наздиктар аз гузашта шаванд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”,  Фарҳад Иброҳимов бо ишора ба талошҳои мақомҳои Узбакистон ва Тоҷикистон барои тавсеаи равобити дуҷониба, афзуд, ихтилофоти Тошканд ва Душанбе, қобили ҳаллу фасл аст ва ниёз ба музокироти фаъоли давлатмардони ду кишвар дорад.

Вай бо ишора ба масоили марзии ду кишвар тасреҳ кард, имрӯз 20 дарсади марзҳои муштарак таъйин нашуда, ки дар ояндаи наздик ин масоил ба иллати вуҷуди алоқамандии бисёри Тошканд ва Душанбе барои тавсеаи равобит, ҳал хоҳад шуд.

Иброҳимов идома дод, бо оғози фаъолияти Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури феълии Узбакистон, вазъият дигаргун шуд ва Тошканд дарк мекунад, ки дар шароити геополотикии феълӣ, идомаи муқобила бо ҳамсоягон дар чорчӯби миллӣ намегунҷад.

Ба гуфтаи вай ин амр боис шудааст, узбакҳо ба самти оддисозӣ ва тавсеаи равобит бо кишварҳои минтақа ҳаракат кунанд.

Ӯ изҳор дошт, Мирзиёев дар муқоиса бо раисиҷумҳури қаблии ин кишвар аз абзорҳои дипломатӣ истифода мекунад ва алоқаманд ба муқобила бо дигар кишварҳои минтақа нест.

Ин коршинос тасреҳ кард, давлати феълии Узбакистон барномаҳои тавсеаи тиҷорати минтақаиро, тарроҳӣ мекунанд ва оморҳои соли гузашта нишонгари он аст, ки мубодилоти тиҷории ин кишвар бо Тоҷикистон дар соли 2017,  ду баробар бештар аз шохисҳои соли 2016 будааст.

Ӯ пешбинӣ кард, афзоиши таҳдидоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба рушди ҳамкориҳои Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахши амният ва иқтисод мунҷар шавад.