Таъсиси пулиси “модерн” дар Узбакистон
Ҳукумати Узбакистон дар як иқдоми ибтикорӣ барои нахустин бор дар сатҳи Шӯравии собиқ, иқдом ба таъсиси пулиси “модерн” кардааст.
Ба гузориши сомонаи “Podrobno.uz”, кормандони ин ниҳод аз лиҳози зоҳирӣ ва тарзи бархӯрд бо афрод, бо бақияи ниҳодҳои интизомӣ фарқ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир кормандони пулиси “модерн”-и Узбакистон умдатан дар фурӯдгоҳҳо ва терминалҳои мусофирбарӣ мустақар буда, мусаллат ба забонҳои хориҷӣ ва муҷаҳҳаз бо фанноварии рӯзи дунё ҳастанд.
Гуфта мешавад, вазифаи аслии ин сохтор, хидматрасонии беҳина ба мусофирон, бавижа шаҳрвандони хориҷӣ ва муроқибат аз онҳо аст.
Аз замони рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиеёв, раисиҷумҳури Узбакистон ислоҳоти фаровоне дар ин кишвар пиёда шуда, ки таъсиси сохтори ҷадиди пулис низ дар ҳамин росто, сурат гирифтааст.
Дар гузашта, Узбакистон яке аз кишварҳои дорои системаи идории хашин ва мустабид маҳсуб мешуд.