Коҳиши эътирозҳои Ҷунбиши "Рӯшноӣ" ва баргузор шудани нишасти КАСА-1000 дар Фаронса
(last modified 2016-08-27T12:53:36+00:00 )
Август 27, 2016 17:53 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши эътирозҳои Ҷунбиши

Париж дар ҳоле мизбони нишасти чаҳорҷонибаи Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи лоиҳаи интиқоли барқ, КАСА-1000 аст, ки ҳанӯз ҳам оташи эътирозоти Ҷунбиши "Рӯшноӣ" барои интиқоли барқи Туркманистон аз вилояти Бомиён ба таври комил хомӯш нашуда.

Нишасти чаҳорҷонибаи Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ниҳоду ширкатҳои кӯмаккунандаи  лоиҳаи КАСА-1000 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд. Алӣ Аҳмад Усмонӣ, вазири энержӣ ва оби Афғонистон дар раъси ҳайате бо ҳузури намояндагони вазоратҳои умури дохилӣ, молия ва ширкати барқи ин кишвар дар ин нишаст ҳузур дошт.

Дар ин нишасти чаҳорҷониба дар мавриди оғози бахши амалии КАСА-1000, амният, мавориди фаннию тадорукоти интиқоли барқ аз хоки Афғонистон ба Покистон мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт. Нишасти чаҳорҷониба ҷиҳати баррасии интиқоли барқи Қирғизистону Тоҷикистон аз тариқи хоки Афғонистон ба Покистон мавсум ба КАСА-1000 дар ҳоле анҷом мешавад, ки ҳанӯз танишу эътирозоти мухолифони тағйири масири интиқоли барқи 500-киловаттии Туркманистон ба ин кишвар аз тариқи Бомиён идома дорад. Бо вуҷуди он ки Ҳукумати Афғонистон тағйири масири интиқоли барқи Туркманистонро аз Соланги вилоят Парвон таъйид карда, аммо муътаризон ба ҳукумат ҳушдор додаанд, ки намегузоранд, ин масир ба ҷуз аз Бомиён бо минтақаи дигаре гузарад.

Ин дар ҳолест, ки Ториқ Фотимӣ, мушовири вижаи нахуствазири Покистон дар умури равобити хориҷии ин кишвар гуфта буд, ки Исломобод ба дунболи ҷойгузин кардани Афғонистон барои лоиҳаҳои ТАПИ ва КАСА-1000 аст. Ӯ гуфта буд: "Покистон бо кишварҳои Осиёи Миёна равобити густурдаеро барқарор карда ва тафоҳумномаҳоеро дар ҳавзаи тиҷорату энержӣ бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон имзо кардааст". Фотимӣ ҳамчунин гуфта буд, дар ҳоли ҳозир Покистон ба фикри пайдо кардани роҳҳои таомули дигаре бо кишварҳои Осиёи Миёна бидуни ширкати Афғонистон дар ин лоиҳа аст, то битавонад бо ин кишварҳо ҳамкориҳое дошта бошад.