Дидори ҳайати тоҷикистонӣ бо Мирзиёев дар ҷашни Наврӯзи Самарқанд
Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар ҳошияи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Самарқанд бо ҳайате аз вилояти Суғди Тоҷикистон, ки барои нахустин бор тайи 27 соли ахир ба ин шаҳр омада буданд, дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши “Азия плюс”, Шавкат Мирзиёев дар ин дидор, ки дар боғи Алишер Навоии Самарқанд баргузор шуд, бо табрики фаро раидани Наврӯз ба меҳмонони тоҷик, ҳузури онон дар ин ҷашнро нишонаи таҳкими равобити дӯстонаи мардум ду кишвар унвон кард.
Вай бо нисори тоҷи гул бар пойи муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ гуфтааст, ин ду шоири бузург рамзи дӯстии деринаи мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳастанд ва наслҳои имрӯзӣ бояд ин суннати писандидаро ҳифз кунанд.
Ҳамчунин дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, гардишгарӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои Самарқанди Узбакистон ва Суғди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳайати 18 нафараи мақомоти сиёсӣ ва фарҳангии вилояти Суғди Тоҷикистон ба даъвати расмии мақомоти Ӯзбакистон барои ширкат дар ҷашни Наврӯз ба шаҳри Самарқанд рафта буданд, ки дар 27 соли ахир рӯйдоди бесобиқа аст.
Пас аз имзои Созишномаи байнидавлатӣ дар заминаи сафари 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба кишварҳои якдигар, ин тавоқуфнома бо фармони Шавкат Мирзиёев аз рӯзи 16-уми март амалӣ шуд.
Парлумони Тоҷикистон низ рӯзи 19-уми март ин созишномаро тасвиб кард ва акнун сафарҳои шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя бидуни раводид ба хоки якдигар оғоз шудааст.