Март 31, 2018 17:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Узбакистон дар мавриди фаъолияти террористҳо дар шимоли Афғонистон

Раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон дар мавриди фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва наздики марзҳои ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши “Спутник”, Ихтиёр Абдуллоев рӯзи ҷумъа гуфт, фаъол шудани гурӯҳҳои террористие чун ДИИШ, Ҷунбиши исломии Туркистон ва гурӯҳҳои террористии дигар дар шимоли Афғонистон ва низ бозгашти террористҳои ширкаткунанда дар даргириҳои низомии Ховари Миёна ба Узбакистон таҳдиди ҷиддӣ барои ин кишвар эҷод мекунад. Ин мақоми амниятии Узбакистон ҳамчунин дар мавриди фаъолтар шудани нерӯҳои таҷзияталаб ва таъмини молии онҳо аз сӯйи гурӯҳҳо ва кишварҳои хориҷӣ ҳушдор дод.

Ин дар ҳолест, ки Маскав низ ахиран дар бораи интиқоли террористҳо ва таҷҳизоти низомӣ тавассути чархболҳои бидуни аломати мушаххас дар манотиқи мухталифи Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Русия, ки дар конфронси байналмилалии таъмини амнияти Афғонистон дар Тошканд мунташир шуд, дар мавриди фаъолтар шудани Толибон дар манотиқи мухталифи Афғонистон ва низ афзоиши ҳузури ДИИШ дар шимоли Афғонистон, дар марзҳои кишварҳои ҳамсуд ибрози нигаронӣ шудааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, мавориди истифода аз чархболҳои бидуни аломати мушаххас дар манотиқи мухталифи Афғонистон бо ҳадафи интиқоли террористҳо ва таҷҳизоти низомии ғарбӣ, ки аз сӯйи мақомоти расмии Афғонистон низ таъйид шудааст, бояд ба таври ҷиддӣ баррасӣ шавад.

 

Барчасп