Умедвории коршиноси тоҷик ба беҳбуди равобити Душанбе - Тошканд пас аз Каримов
(last modified Wed, 31 Aug 2016 06:19:19 GMT )
Август 31, 2016 11:19 Asia/Dushanbe
  • Умедвории коршиноси тоҷик ба беҳбуди равобити Душанбе - Тошканд пас аз Каримов

Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки тағйири эҳтимолии қудрат дар Узбакистон метавонад заминаи беҳбуди равобити ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро фароҳам кунад.

Ба гузориши "Спутник", Абдулғанӣ Муҳаммадазимов таъкид кардааст, ки дар сурати ба қудрат расидани афроди ҷадид дар ҳукумати Узбакистон, ин кишвар барои беҳбуди равобити худ бо сойири ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард.

Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфт, ин иттифоқ шаш моҳ пас аз оғоз ба кори давлати ҷадид дар Тошканд имконпазир аст.

Муҳаммадазимов афзуд: "Узбакистон пас аз Ислом Каримов дар марҳилаи нахуст барои беҳбуди равобит бо Қирғизистон иқдом хоҳад кард , вале дар мавриди Душанбе ва Тошканд мушкилот миёни ин ду кишвари ҳамсоя бар сари идомаи сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" дар Тоҷикистон, дар даврони ҳукумати ҷадиди Узбакистон ҳам побарҷо хоҳад буд".

Дар пайи интишори ахбори зидду нақиз дар бораи авзои саломатии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар рӯзҳои ахир, маҳофили расонаӣ ва коршиносии Осиёи Марказӣ ба мавзӯи равобити ин кишвар бо ҷумҳуриҳои минтақа пас аз тағйири эҳтимолии қудрат дар Тошканд таваҷҷуҳи вижае нишон додаанд.