Апрел 11, 2018 19:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои варзишии Тоҷикистон ва Узбакистон афзоиш меёбад

Ҳамзамон бо беҳбуди равобити сиёсӣ ва иқтисодии Узбакистон ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои дуҷонибаи варзиши ду кишвар низ густариш меёбад.

Ба нақл аз Форс, раисони кумитаҳои милли олимпии Узбакистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидор ва бар густариши ҳамкориҳои мутақобили варзишии ду кишвар таъкид карданд.

Дар дидори Умед Аҳмадҷонов, раиси Кумитаи миллии олимпии Узбакистон бо Аҳтам Рустам Абдуллоҳзода, вазири варзиш ва муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Душанбе, дутараф дар бораи ташкили урдуҳои муштараки байни варзишкорони Узбакистон ва Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

Аҳмадҷонов ибрози умедворӣ кард, ки дар бозиҳои муҳими осиёӣ ва ҷаҳонӣ ҳамсоягони Узбакистон низ ба таври шоиста ҳузур пайдо кунанд ва ин амрро боиси ифтихори Узбакистон донист.

 

Барчасп