Сафари садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои якдигар
(last modified 2018-04-15T04:21:47+00:00 )
Апрел 15, 2018 09:21 Asia/Dushanbe
  • Сафари садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои якдигар

Сафири ҷадиди Узбакистон дар Тоҷикистон аз сафари 300 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин ду ҷумҳурӣ ба кишварҳои якдигар дар моҳи марти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Эргаш Шоҳисматов гуфтааст, пас аз ҷорӣ шудани муқаррароти сафари 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои якдигар, танҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ 300 ҳазор нафар аз ин фурсат истифода кардаанд.

Вай пас аз тақдими устуворномаи худ ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин хабарро ба хабарнигорон эълом кард.

Вай ҳамчунин азсаргирии содироти гази Узбакистон ба Тоҷикистон ва интиқоли барқи Тоҷикистон ба кишварашро аз дастовардҳои муҳими созишномаҳои миёни сарони ин ду кишвари ҳамсоя дар нахустин дидори Шавкат Мирзиёев аз Душанбе донист.

Пештар эълом шуда буд, ба далели фароҳам шудани заминаи сафари 30-рӯза ва бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои якдигар, рӯзона 10 ҳазор нафар аз 10 гузаргоҳи марзии миёни ду кишвар убур мекунанд ва ҳар дам ба теъдоди онҳо афзуда мешавад.

Мақомоти марзбони Тоҷикистон гуфта буданд, ба далели афзоиши хоҳишмандони сафар ба Узбакистон, теъдоди кормандони гузаргоҳҳои марзии миёни ин ду кишвари ҳамсоя низ афзоиш ёфтааст, то рафтуомади афрод осон шавад.

Тоҷикистон ва Узбакистон дорои 16 гузаргоҳи марзӣ ҳастанд, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов танҳо ду гузаргоҳ фаъол буд ва имкони сафар бидуни доштани раводид ҳам вуҷуд надошт.  

Бо боз шудани 10 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ва фароҳам шудани сафари 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя ба кишварҳои якдигар, рафтуомади мусофирон ва мошинҳо бо афзоиши қобили мулоҳизае рӯбарӯ шудааст.

Илова бар афзоиши рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба муддати 30 рӯз ба кишварҳои якдигар, дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Исфара, Панҷакент ва Конибодом дар вилояти Суғд низ бозорҳои фурӯши маҳсулоти ширкатҳои узбакистонӣ кушоиш ёфта, ки сабаби коҳиши қиматҳо шудааст.