Нигаронии Мирзиёев аз буҳрони иқтисодӣ дар Узбакистон
Май 21, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Узбакистон вазъияти иқтисодии ин кишварро буҳронӣ ва нигаронкунанда хонд.
Шавкат Мирзиёев гуфт: Иқтисоди Узбакистон дар мавқеияти сахте қарор дорад, бинобарин бояд барои ҷазби манобеи ҷадиди сармоя талош кард.
Раисҷумҳури Узбакистон тасреҳ кард, устондорон барои коҳиши бекорӣ дар ин кишвар бояд дар заминаи ҷазби сармоягузориҳо ва воридоти фанноварӣ фаъолият кунанд, зеро муъзали бекорӣ ва адами итминон ба оянда, мардуми ин кишварро озор медиҳад.